(2 голоса, среднее 3.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Маҷлиси машваратии омузгоронЧун ҳамасола дар интиҳои моҳи август кормандони соҳаи маориф ва омузгорон маҷлиси машваратӣ  мегузаронанд. Дар кори маҷлиси машваратии навбатӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов, намояндаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Саидов ширкат намуданд.

Дар бораи  вазъи таълиму тарбия сатҳи донишомузии толибилмону омузгорон, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Акрам Аслонов маъруза намуд. Дар баромади худ А.Аслонов вазъи соли хониши 2012-2013-ро таҳлил намуда, нисбати натиҷаҳои кори омузгорон ба ҳозирон маълумот дод.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  баромад намуда, таъкид намуд, ки чун дар мавриди дастовардҳо сухан меронем пеш аз ҳама қобили зикр аст, ки чораҳои мушаххаси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани мақоми омузгор, мактаб ва сатҳи зиндагии онҳо сифатан беҳтар  намудани тадрис нигаронида шудааст. Маҳз  чунин ғамхориҳо буд, ки  хонандагони макотиби маркази вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 2 медали тилло, 6 медали нуқра  ва 10  медали биринҷӣ  сазовор гаштанд. Дар озмунҳои байналмилалӣ бошад соҳиби 4 медали тилло 4 медали нуқра ва 2 биринҷӣ гашта, то имруз 25 нафар муҳассилин дар давраи ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо ғолиб омаданд.   Бунёди кудакистони нави иноватсионӣ барои ҳазор нафар кудакон маҳз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи  вилояти Суғд сурат гирифта дар як вақт вазъи таъмини кудаконро  бо боғчаи бачагона  беҳтар менамояд. Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой  Каримов  ҳамчунин ба  риояи катъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару  модар дар тарбияи фарзанд»     ва  баланд бардоштани  масъулияти омузгорон дар роҳи таълим ва тарбияи насли наврас даъват намуд.

Сардори Раёсати маорифи вилоят С. Ҷалолов  ва намояндаи Вазорати маорифи вилояти Суғд П. Саидов бобати дастовардҳои кормандони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҳарф зада  аз фаъолияти онҳо изҳорӣ  қаноатмандӣ  намуд.

Дар ниҳоят ба собиқадорон ва омузгорони пешқадам  Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд ва Ифтихорномаҳои Раёсати маорифи вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд супорида  шуд.