(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ободкорон шавқ ба ободӣ дорандИҷрои нақшаҳо дар доираи «Сесад рӯзи ободонӣ ва созандагӣ» дар шаҳри Хуҷанд давом мекунад.

Имрӯз сокинони шаҳр ва меҳмонони онҳо дар майдонҳои Исмоили Сомонӣ ва «Ситораҳои Хуҷанд», ҳамчунин дар истгоҳу гулгаштҳо курсиҳои навсохтро мебинанд, ки барои нишасти бофароғат хеле қулай мебошанд. Мутахассисон, аллакай 20 чунин курсиро рӯи пайроҳаи тасполакпӯши ҷойҳои серодам устувор карданд. Шумори чунин курсиҳои зебо дар гулгашту хиёбонҳо ва майдонҳои таърихӣ ба панҷоҳ адад хоҳад расид.

Дар маҳалҳои серодам ва назди истгоҳҳои нақлиёти мусофирбар  устувор кардани қуттиҳои махсус барои партофтани коғаз ва  чизҳои сабуки ношоям ҳам аз кори хайр аст. Устоҳо дар муддати кӯтоҳ беш аз 100 қуттӣ гузоштанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сокинони шаҳр қимати тозагӣ ва ободиро медонанд. Аз ин рӯ, бисёр касон коғаз ё нимсӯхтаи папиросро аз рӯи пайроҳа бардошта, ба қуттӣ Ободкорон шавқ ба ободӣ дорандмепартоянд. Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов бо хурсандӣ қайд карданд, ки сатҳи маданияти шаҳрдорӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд торафт боло меравад. Аз ин рӯ, бо боварӣ метавон гуфт, ки мардум курсию қуттиҳои коғазпартоиро чун боигарии ҳама  ва ҳар кас эҳтиёт мекунанд, то ҳусни гулгашту хиёбон ва майдонҳои таърихӣ кам нашавад.

Раиси шаҳр вобаста ба амали ободонӣ нақшаҳои хубу марғуб доранд ва онҳо бо дастгирии мардуми шарифи шаҳри содиқ ба анъанаҳои падарони шӯҳратманд иҷро хоҳанд шуд.