(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Барои таъмири  хонаҳои маданият   маблағ ҷудо мешавад Бори нахуст маҷлиси машваратии  омузгорони  муассисаҳои таълимӣ-фарҳанги шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар кори маҷлиси машваратӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  дар он ширкат намуд. Дар оғози чорабинӣ  мудири Бахши фарҳанг  Бахтиёр Қосимов оиди фаъолияти омузгорони муассисаҳои таълимӣ-фарҳангӣ дар соли хониши 2013-2014 маълумот дод. Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов вазъу сатҳи таълими наврасонро дар муассисаҳои таълимии шаҳр сухан ронд. Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд мактаби  санъати бачагонаи  №1  ба номи Лоиқ Шералӣ, мактабии бачагонаи мусиқии №2, ба номи Боймуҳаммад Ниёзов, Мактаби бачагонаи санъати № 3  мактаби бачагонаи  рассоми амал мекунад, ки ҳамасола  наздик 100 нафар кудакону наврасон ин таълимгоҳхои ҳунариро хатм менамоянд. Ҳамзамон қисми зиёди хатмкунандагон бошад ба муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва олии пойтахти кишварамон Душанбе, шаҳрҳои  Санкт-Питербург ва Челябински Федератсияи Россия   роҳхат гирифтанд.

Маҳз дастгирии Ҷаноби Одӣ Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки тибқи квотаи президентӣ   ҷавонони болаёқат  дар донишгоҳҳои  олӣ ба камолоти  зеҳнӣ-ҷисмонӣ  расанд. Дар   ҳамин замина барои муҷаҳҳаз гардонидани  синфхонаҳои дузандагӣ ва рассомӣ аз ҷониби Раиси вилоят муҳтарам Қоҳир Расулзода мошини дарздузии компутерӣ ва бист адад молберт супорида шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов саҳми кормандони фарҳанг ва муҳассилини таълимгоҳҳои онро дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои шаҳрӣ ва ҷашнӣ  зикр намуда, қайд намуда иттилоъ дод, ки  барои таъмири Хонаи маданияти № 1 ва №2 маркази вилоят 40 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда ҳохад шуд.

Барои таъмири  хонаҳои маданият   маблағ ҷудо мешавад Ба 6 нафар омузгорон Сипосномаи Раиси шаҳр ва ба 18 нафари дигар Ифтихорномаи  Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  бо туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Дар анҷоми кори маҷлис муаллимаи мактаби рассомии шахри Хуҷанд Гавҳар Исмоилҷонова баромад намуда, арзи сипосмандии ҳайати  омузгорони муассисаҳои таълимиро ба Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд расонд. Барои иштирокдорон  ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо устодони худ консерти ҳунарӣ  намоиш доданд.