(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи 12-уми шаҳр Шоми дируз дар расми ба истифодадиҳии майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи 12-ум, Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Каримов  ширкат намуд.  Раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳалли мазкур суҳбат намуда  аз  бобати корҳои ба сомонрасида, дар доираи  тадбирҳои   «300 рузи ободонӣ» иттилоъ дод. Ҳамчунин  таваҷҷуҳи ҳозиронро ба баланд бардоштани масъулияти калонсолон ва волидайн дар тарбияи дурусти кудакону наврасон ҷалб намуд.

«Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ,  Эмомалӣ Раҳмон  ҳамеша таъкид менамоянд,ки танҳо дар сурати тарбияи хуб,  мо имкон дорем ояндаи некро таъмин намоем. Барои хамин ғамхорӣ нисбати насли оянда   бояд кори  ҳамаруза  бошад.

Бунёди иншоотҳои варзишии муосир, нишондоди варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз дастгирии ҳамешагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, таҳти роҳбарии Раиси вилояти  Суғд  Қоҳир Расулзода моро руҳбаланд мекунад ва мо итминон дорем, ки зиёд шудани  миқдори чунин майдончахои варзишӣ заминаи хуби тарбияи ахлоқиву ҷисмонии кудакону наврасон мегардад. То охири сол дар маҳаллаҳои шаҳр боз 10 майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт»  иброз  намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов. Мавсуф ҳамчунин илова намуд, ки бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд тибқи руйхати пешниходнамудаи кумитаи маҳалла ба фарзандони  ин гуна оилаҳо аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд  сарулибоси мактабӣ туҳфа карда мешавад. Дар ҷавоб чанде аз сокинон Раиси шаҳрро хоҳиш намуданд, ки  сипоси онҳоро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят и Суғд  Қоҳир Расулзода, барои дастгирӣ ва ғамхории пайваста расонад.

Ба мудири бахши ҷавонон варзиш ва сайёхии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов  супориш  дода шуд, ки  мураббиёни мактаби варзишии №2 маркази вилоят барои ташкили мусобиқаҳои варзишӣ дар майдончаи мазкур, вобаста карда шаванд.