(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Роҳи маҳаллаи  «Раззоқ» мумфарш  мешавад   Роҳи махаллаи «Раззоқ» ,ки канори шаҳрро бо маркази  Хуҷанд мепайвандад мумфарш хоҳад шуд. Имруз аз қисмати дар мавзеи   «Пахтакор»-  будаи маҳаллаи мазкур,  воситаҳои техникии  роҳсозон, мумфаршкуниро шуруъ намуданд. Дарозии роҳ 2 км буда он ба маблағи сокинон   ва соҳибкорони маҳаллаи мазкур  ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  ба анҷом мерасад.  Дар расми шуруи ин амали нек Роҳи маҳаллаи  «Раззоқ» мумфарш  мешавад   Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ширкат намуда, бо собиқадорон ва  бошандагони  маҳаллаҳои «Раззоқ» ва «Корираҳмат Курбонов»  суҳбати гарму самимӣ анҷом дод. Раиси шаҳр доири таваҷҷуҳи ҳамешагии сарвари давлат Ҷаноби Олӣ   Эмомалӣ  Раҳмон  ва  Раиси вилояти Суғд  муҳтарам Қоҳир Расулзодаро доири беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ  зикр  намуда, иброз намуд, ки  корҳои ободонӣ дар доираи  чорабиниҳои шаҳрии «300 рузи ободонӣ» идома дорад.