(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Роҳи беморхонаи  № 2 шаҳри Хуҷанд таъмир мешавадМувофиқи дастури Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  дар маркази вилоят  корҳои ободонӣ идома дорад.  Дар доираи корҳои  «300 рузи ободонӣ»  дар маҳаллаи «Бофанда»-и шаҳри Хуҷанд роҳи якунимкилометрии самти Беморхонаи шаҳрии №2 маркази вилоят мумфарш карда хоҳад шуд. Пешбинӣ  мешавад, ки  давоми панҷ руз роҳсозон корҳои мумфаршкуниро ба анҷом расонда барои истифода қарор диҳанд. Дар оғози корҳои роҳҳои  мумфаршкунӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ширкат намуда, сокинони маҳалро ба идома додани корҳои ободонӣ даъват намуд. Ҳамчунин илова намуд, ки ҳамаи корҳои мумфаршкунӣ тариқи ҳашар бо иштироки бевоситаи сокинон ва соҳибкорон бе истифодаи маблағҳои буҷа амалӣ мегарданд Мувофиқи  нақша  боз 13 км кучаҳои шаҳр мумфарш хоҳанд шуд.