(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Табибон иди касбии худро  таҷлил намуданд

Ба муносибати иди касбии табибон  дар толори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавии кормандони соҳаи тандурустӣ  бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  баргузор гардид. Дар ҷаласаи идона кормандони муассисаҳои тиббии шаҳр  ва  собиқадорони соҳа  низ ширкат доштанд.  Сардори Раёсати тандурустии вилоят Собирҷон  Собиров табрикоти Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзодаро ба самъи ҳозирон расонд.  Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд   Раҷаббой Каримов  кулли кормандони соҳаи тибро бо иди касбиашон муборакбод намуд.

« Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи  хоса зоҳир менамоянд. Ба  имзо расидани Фармони сарвари давлат оиди баланд бардоштани  маоши кормандони соҳаҳои гуногун,  аз ҷумла кормандони соҳаи тиб шаҳодати ғамхории пайвастаи сарвари давлат аст. Дар давоми сол таъмиру тармими муассисаҳои тиббии шаҳр дар беморхонаи клиникавии шаҳрии № 1, беморхонаи шаҳрии  №2,  таваллудхонаи шаҳрӣ, пурра аз таъмири капиталӣ бароврда шуд. Дар тамоми муассисаҳои тиббӣ, Марказҳои саломатӣ, дармонгоҳҳо  имкониятҳои мувофиқ мавҷуд буда, табибони сатҳи баланди касбӣ бо  воситаҳои  техникии тиббии муосир барои сиҳатии мардум фаъолият мебаранд. Ҳамзамон табибони ҳозиқ барои идомаи анъанаҳои неки устодони худ кушиш намуда,  усулҳои наву муосири муолиҷаро ҷорӣ менамоянд. Дар навбати худ Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Суғд таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода барои рушди соҳаи тиб ва беҳбудии шароити кору зиндагии кормандони соҳаи тандурустӣ аз тамоми захира ва имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад»- қайд намуд  дар баромади худ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов.

Бо мақсади кадршиносии фаъолони соҳаи тандурустии шаҳри Хуҷанд, тибқи Қарори Раиси шаҳр барои меҳнати софдилона ва натиҷаҳои хуб ба 40 нафар кормандони соҳаи тиб Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд  бо туҳфаҳои  хотиравӣ ва  ба  20 нафар собиқадорони соҳаи тандурустӣ туҳфаи хотиравӣ  супорида шуд.

Аз номи иштирокдорон ва тамоми кормадони соҳаи тандурустии маркази вилоят духтури тибби оилавии дармогоҳи №3 Муқаддама  Аҳмадбекова баромад намуда изҳори сипосмандии кормандони  соҳаро барои дастгирӣ ва эътибори  ҳаматарафа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд  баён намуд.