(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Машварати  занони  соҳибкорБахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  дар мавзуи «Ояндаи соҳибкорӣ» машварати омузишӣ  гузаронд. Мақсади баргузории ин чорабинӣ рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва соҳиби шуғл гаштани занон аст. Дар оғози машварат  Муовини раиси шаҳр  Муҳаббат  Бобоҷонова  сухани ифтитоҳӣ намуда иброз намуд ки ин ҷаласа  чун  идомаи мулоқоти  Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  баргузор гардида,  байни соҳибкорони шинохтаи кишвар зикр гардидани занони соҳибкор аз дастгирии  ҳамарузаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд  шаҳодат медиҳад.

Сипас  мудири шуъбаи омузиши касбии ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон Муҳаббат Нозимова,   Салима Каримова  аъзои иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон баромад намуда доири саҳми занон дар пешрафти  соҳибкорӣ сухан ронданд.

Мудири бахши кор бо занон ва оила  Муҳайё Дадобоева    дар суханронии худ зикр намуд ки  барои зиёд гаштани соҳибкорон аз ҳисоби занон ҷалби ҳарчӣ бештари бонувон бо кору касби доимӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сохтори марбута аст.

Дар инҳо иштирокдорон тарқи саволу ҷавоб аз коршиносон  маслиҳатҳои муфид гирифтанд.