(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти   Раиси шаҳри Хуҷанд  бо соҳибкоронРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  бо соҳибкорони муваффақи  шаҳри Хуҷанд  вохурд.

Дар чорабинӣ зиёда аз 100 нафар роҳбарони ширкату муассисаҳои тиҷоратӣ, сарварони  ташкилотҳои хизматрасонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ширкат намуданд.

Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бобати дастовард ва фаъолияти пурсамари соҳибкорони Хуҷанд ҳарф зада, аз ҷумла қайд намуд, ки маҳз тавассути андешидани чораҳои мушаххас  аз ҷониби сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода, соҳибкорӣ ва ба хусус соҳибкории хурду миёна рушд меёбад. «Танҳо дар соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 10 корхонаҳои истеҳсолӣ бо 1681 ҷойҳои корӣ  таъсис дода шудааст. Ҳоло бошад, дар шаҳр 1340 корхонаҳо фаъолият мебаранд, ки ин нисбати соли гузашта 287 корхона зиёд аст. Ҳоло ба 1000 нафар аҳолӣ 54,3 нафар субъекти соҳибкорӣ рост меояд, ки дар вилоят, шаҳри Хуҷанд, дар ин самт мақоми аввалро дорост».

Дастгирии ниёзмадон, саҳми ширкатҳои тиҷортӣ дар корҳои ободонӣ, ҳамкории судманд бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро, Раиси шаҳр бо изҳори сипосмандӣ ба таври алоҳида қайд намуд.

Дар навбати худ соҳибкорон низ изҳор намуданд, ки дар ҷавоб ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон баҳри пешрафту ободии диёр боло бурдани сатҳи зиндагии мардум саҳмгузор хоҳанд буд.

Дар интиҳои мулоқот аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд ба 25 нафар соҳибкорони шаҳри Хуҷанд  Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд ва  туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.