(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

                                 Иди сохтмончиён бо иштироки Раиси шаҳри ХуҷандМувофиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  рузҳои  ид» якшанбеи    дуюми моҳи август Рузи кормандони сохтмон   таҷлил карда мешавад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Каримов дар таҷлили ин ҷашн иштирок намуд.  «Биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ муассисаҳои фарҳангӣ таълимӣ  ва хизматрасонӣ,ки дар ду соҳили дарё қомат меафрозанд, Хуҷандро ободтару зеботар мегардонанд. Аз ин ҷиҳат дар қиёси солҳои пешин шаҳри соҳили Сир хеле дигаргун ва назаррабо гаштааст. Дар ин бобат мо ибтикор  ва дастгирии ҳамешагии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзодаро дар мавриди рушди шаҳрсозӣ ва риояи фарҳанги шаҳрдорӣ ҳамеша эҳсос менамоем» - қайд намуд, дар суханони табрикотии худ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов.

Ҳамзамон номи сохтмончиёни ҷавони шахр Мақсудҷон Умаров, Ҳаким Раҳимов Маъруф Бобоҷонов, Бувоҷон Бобоев, Парвиз Ҷураев чун намунаи ибрат зикр гардид.

Барои дастоварди шоёни меҳнатӣ ва саҳми арзанда дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар  шаҳри Хуҷанд   9 нафар сохтмончиён бо  «Сипоснома»  ва туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонда шуданд.