(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳамасола   санаи 10 август  чун рузи варзишгарон таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана Раиси шаҳри Хуҷанд   Раҷаббой  Каримов  бо варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони ин соҳа вохурд. Дар оғоз  мавсуф  доири дастовардҳои варзишгарон  ва натиҷаҳои ба дастовардаи онҳо сухан ронда, қайд  намуд, ки  имруз барои рушди соҳаи варзиш  давлати Тоҷикистон таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурӣ    Эмомалӣ  Раҳмон тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, барои тарбия ва омода гаштани  варзишгарони кишвар  дар сатҳи баланд эътибори ҳамаруза   медиҳад. Агар ба маълумоти оморӣ  нигарем  фаъолияти пурсамари 200 иншоотҳои варзишӣ  барои иштироки варзишгарон дар 47 мусобиқаҳои гуногунсатҳ, ноил шудан ба 508 медали тилло, 463 медали нутра ва 561 медали биринҷӣ мусоидат намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёр Исматҷонов дастур дод, ки барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи кишвар дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ эътибори ҷиддӣ дода тарғиби ҳамаҷонибаи тарзи ҳайёти солим ва варзишро ба роҳ монад.

Дар интиҳо ба 32 нафар варзишгарон ва мураббиён, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд, Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 Санаи 10 август бошад, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  дар  Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият”-и маркази вилоят барномаи варзишӣ-фарҳангӣ “Шукуфон бош ватанам – Тоҷикистонам” бахшида ба рузи варзишгарон, баргузор мегардад.