(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Намози идона дар ХуҷандCубҳи рузи панчшанбе кулли мардуми шарифи шаҳри Хуҷанд дар баробари сокинони диёрамон бо руҳияи идона ва шукргузорӣ аз даврони истиқлолият Иди Фитрро таҷлил намуданд.

Дар Масҷиди ҷомеъи  Шайх Маслаҳатдини маркази вилоят  барои табрики намозгузорон муовини Раиси вилояти Суғд Мубинҷон Қаюмов ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ташриф оварданд. Мубинҷон Қаюмов табрикоти Раиси вилояти Суғд Муовини аввли Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзодаро ба самъи ҳозирон расонд.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  ҷамъомадагонро бо рузи саиди Фитр табрик намуда, қайд намуд, ки имруз Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳимояи арзишҳои миллӣ, динӣ ва мазҳабӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи он талош меварзад.

Таъмини ваҳдати миллию мазҳабӣ, риоя  ва таҳкими суннатҳои  неки аҷдодон баҳри пешрафт ва инкишофи давлати соҳибистиқлоламон мусоидат хоҳад кард. Бақои миллат бошад, танҳо дар сулҳу суботи мунтазам таъмин мегардад. Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки  баҳри нигоҳ доштани ин дастовардҳо ва арзишҳо кушишу масъулитяи дучанд намудан лозим  аст. Танзими нарху навои маҳсулоти хурока дар бозор, баргузории намоиш фуруши маҳсулоти кишварзӣ дар шаҳри Хуҷанд, аёдату расондани кумак ба  зиёда аз ҳазор нафар ниёзмандон,  бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд,  аз номгуи нопурраи чораҳоянд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба анҷом мерасонанд.

Дар ниҳоят   ду ракъат намози идона  хонда шуда, аз ҷониби Сархатиби масҷиди зикргардида Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода хутбаи намоз қироъат гардид.