(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Марҳамат ба ярмаркаи маводи озуқаворӣ

Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии шаҳри Хуҷанд ба муносибати соли нави  мелодӣ санаҳои 30-31-уми декабри соли равон дар  ду минтақаи шаҳр: назди театри мазҳака-мусиқавии Камоли Хуҷандӣ ва маҳаллаи 20-ум ярмарка фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Ин иқдом бо мақсади ба мардум бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввал амалӣ карда мешавад. Дар ярмарка тамоми соҳибкорон ва шаҳрвандон бо молу маҳсулоти хеш иштирок карда метавонанд. Ярмарка дар ин рӯзҳо аз соати 8:00 то 17:00 фаъол мешаванд.
Марҳамат ба ярмаркаи маводи озуқаворӣ бо нархҳои дастрас!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд