(2 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Боз 110   нафар сокинони шаҳри Хуҷанд соҳиби манзил шуданд

Дар махаллаи чаҳоруми  маркази вилоят бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов эҳтиёҷмандон тариқи қуръапартои ҷойи манзили худро муайян намуданд. Дар баробари табрикоти сокинон бо манзили нав, кулли иштирокдорони ин чорабиниро Раиси шаҳри Хуҷанд бо фарорасии Иди Фитр табрик намуд. Мувофиқи нақшаи генералӣ дар маҳалли мазкур бунёди биноҳои бисёрошёна мактаб муассисаҳои тиббӣ ду боғчаи кудакона ва бунёди кучаҳои зебои замонавӣ пешбини шудааст. Дар баробари қомат рост кардани хонаҳои истиқоматӣ дигар иншоотҳои  зарурӣ сохта хоҳанд шуд.

Бояд зикр намуд, ки аз 3500 нафар дар навбати манзил будагон то имруз 1500 нафар  сокинони шаҳри Хуҷанд бо қитъаҳои наздиҳавлигӣ таъмин гаштанд.