(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кудакону наврасони ноҳияи Ҳисор дар «Наврузгоҳ»Дар арафаи Иди Фитр бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амали нек ва савобро анҷом дод.  Санаи 3 август 45 нафар тарбиятгирандагони  парваришгоҳи махсуси  ҷумҳуриявии кудакону наврасони  имконияташон маҳдуди ноҳияи Ҳисор дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврузгоҳ»  ройгон  истироҳат намуданд. Барои кудакон тамоми шароити истироҳат  фароҳам оварда шуд. Аксари онҳо бори нахуст ба шаҳри Хуҷанд омада буданд, бинобар он тамошои  дарёи Сир, сайругашт дар ин мавзеи хушбоду ҳаво барои онҳо  фараҳбахш буд. Ба кудакону наврасон анвои хурданӣ, ширинӣ, яхмос пешкаш гардида ба ҳар кадоми онҳо  бозичаҳои  мулоим ва туҳфаҳои хотиравӣ, чун хотира аз ин мавзеи истироҳатӣ, тақдим гардид. Шоми ҳамон руз  кудакону наврасон аз маҷмаи фаввораҳои пайкараи Исмоили Сомонӣ  низ тамошо карданд.