(0 овоз, миёна 0 аз 5)

“Хуҷанд” -Чемпиони Тоҷикистон!Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии финали Ҷоми Тоҷикистон байни бошгоҳҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд баргузор шуд. Бозӣ байни тимҳо хеле ҷолибу диданӣ сурат гирифта, дар дақиқаи 41-уми дидор сарвони тими “Хуҷанд” Манучеҳр Ахмедов бо як усули зебо ҳисобро боз намуд. Дар қисми дуюми бозӣ аниқтараш дар дақиқаи 56-уми дидор Ҳикматулло Расулов шумораи голҳои дастаашро дучанд намуд. Футболбозони дастаи “Истиқлол” ҳарчанд кӯшишу талош намуданд, ки дарвозаи меҳмононро рахна кунанд, аммо ҳамааш бе фоида буд, чун ки хати дифоъи меҳмонон хеле қавӣ буд. Бо ҳамин бозӣ байни тимҳо бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи бошгоҳи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд хотима ёфт. Ёдовар мешавем, ки “Хуҷанд” маротибаи чаҳорум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд. Қаблан даста дар солҳои 1997/1998, 2002 ва 2008 ба гирифтани ин ҷоиза даст ёфта буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд