(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ифтитоҳи толори нави мебели ширкати «EMBAWOOD» дар шаҳри Хуҷанд

Бо иштироки сафири Ҷумҳурии Озорбойҷон дар Тоҷикистон Аббасалӣ Гасанов ва муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода маросими ифтитоҳи толори нави мебели ширкати «EMBAWOOD» дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода зимни ифтитоҳи толори фурӯши мебел гуфт, ки мақсаду ҳадафи асосии Давлату Ҳукумати мамлакат таҳти раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амалан фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо мебошад, ки дар айни замон ба некӯаҳволии сокинон, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ва таҳкими ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ равона мегардад. Механизми шарикии байни давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, самаранок  истифода мешавад. Иштироки бахши хусусӣ дар рушди соҳаҳо барои ташкили ҳамкориҳои созандаи байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи амволи давлатӣ, рушди иқтидори сармоягузорӣ ва инноватсионӣ имконият фароҳам оварда, дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани иқтидори иқтисодии мамлакат такон хоҳад бахшид.
Хайрулло Ғайбуллозода афзуд, ки ин сеюмин толори фурӯши мебели ширкати «EMBAWOOD» дар шаҳри Хуҷанд буда, аллакай 25 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудаанд ва коргарон аз 800 то 1400 сомонӣ маош мегиранд. Гузашта аз ин мизоҷоне, ки аз ин ширкат мебел харидорӣ менамоянд, имкон доранд, ки аз васлу пайваст, қарзи бефоиз  ва дастраскунию давоми 2 сол кафолати он бархӯрдор мегарданд. Ин имтиёзоту хизматрасониҳои муфид имкон медиҳад, ки сафи мизоҷон боз ҳам афзун шуда, дар инкишофи шабакаи фаъолияти толорҳои нави ширкат мусоидат намояд.
Сафири Ҷумҳурии Озорбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов ифтитоҳи толори нави мебели ширкати «EMBAWOOD» дар шаҳри Хуҷандро иқдоми нек арзёбӣ намуда, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда мусоидат хоҳад кард.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ толори нави мебели ширкати «EMBAWOOD» дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ширкати бонуфузи байналмилалии  «EMBAWOOD» аз брендҳои машҳурӣ ҷаҳонӣ мебошад, ки бо истеҳсол ва фурӯши мебел дар кишварҳои Аврупо, Африқо, Осиёи Миёна ва Қафқози Шимолӣ машғул аст. Дар Тоҷикистон аз соли 2009 фаъолият дошта, бо хизматрасонӣ ва сифати маҳсулоташ аллакай байни марду эътироф гаштааст. Ин толори нави фурӯши мебелҳо, сеюмин толор дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Дар ин маркази савдо беш аз 100 намуди мебелҳо ба савдо гузошта шудаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд