(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид

Дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи бинои Маркази илм ва фарҳанги Русия бо иштироки сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, консулгарии Русия дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони «Россотрудничества» ва меҳмонон баргузор гардид.
Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов дар маросими ифтитоҳии Маркази илм ва фарҳанги Русия гуфт, ки Русияву Тоҷикистон муносибатҳои худро аз ибтидо бо дарки умумияти манфиатҳои дарозмуддати халқҳои ду кишвар ба роҳ мондааст. Дар мулоқоти роҳбарони давлатҳо борҳо таъкид мегардад, ки барои такмили робитаҳои фарҳангии мо вусъат додани ҳудуди ҳамкориҳои минтақавӣ ва соҳавии Тоҷикистону Русия аҳамияти бузург дорад. Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид

Ифтитоҳи Маркази илмӣ-фарҳангии Русия дар шаҳри Хуҷанд қадамҳои аввал барои амалӣ гардидани ҳадафҳои сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сурат гирифта буд,  мебошад.

Сафир гуфт, ки ифтитоҳи Маркази мазкур дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ беҳикмат нест. Ин шаҳри қадимаи рушдкарда дар Тоҷикистон дорои зиёди захираҳои зеҳнист ва тавсеи ин донишҳо имкон медиҳад, ки барои рушди кишварҳо сарф карда шавад. Гузашта аз ин Маркази навбунёд дорои захираи зиёди маҳзани иттилоот, таъмин бо таҷҳизоти пешрафта ва муҳимтар аз ҳама дар дили шаҳр ҷой гирифтааст. Ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд барои пешниҳоди чунин имконот миннатдорӣ  баён менамоем.
Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд таъкид дошт, ки рӯйдоди имрӯза аз муколамаи дар сатҳи олӣ  муҳайёгардида таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия мӯҳтарам Владимир Путин шаҳодат медиҳад ва роҳбарони ин ду давлат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки минбаъд низ барои мукаммал намудани иқтидори калони истифоданашуда талош варзанд. Гузашта аз ин Тоҷикистон Русияро ҳамчун шарики сиёсии хеш эътироф намудааст. Мо аз он фахр менамоем, ки таърихи дурнамои муносиботи Тоҷикистону Русия таърихи тӯлониро фаро мегирад ва ҳодисаҳои муҳими таърихиро ин ду миллат бо ҳам паси сар намудааст.
Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардидИфтитоҳи Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд, ки шаҳри бостонӣ, саноатӣ, пешрафта ва муосир мебошад ва тавсиаи ин шакли ҳамкориҳо муфид ва созгор аст. Он имконият медиҳад, ки рушди динамикаи муносибатҳо ба сатҳи муайян расад ва мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари «Россотрудничества» Алексей Фролов гуфт, ки ин дуюмин Маркази ширкат дар Тоҷикистон аст. Бояд қайд намуд, ки дар низоми умумии муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия бахши гуманитарӣ, аз ҷумла самтҳои маориф, илм ва фарҳанг ҷойгоҳи махсус доранд. Ҳамкории ҷонибҳо дар ин самт ҳамчун омили асосии ҳифзи фазои умумии таҳсилотӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи анъанаҳои таърихии робитаи миёни давлатҳо ва мардумони мо арзёбӣ мегардад. Ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола барои таҳсил ба Русия фиристода мешаванд. Имрӯз дар макотиби олии Русия донишҷӯёни зиёд таҳсил менамоянд.Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид Онҳо таҳсилоти олии асосӣ гирифта, дар якҷоягӣ бо хатмкунандагони донишгоҳҳои русизабони Тоҷикистон сафи таҷассумгарони арзишҳои олии маънавӣ ва ақлонии ҷаҳони русро дар кишвари Тоҷикистон зиёд мекунанд. Соли ҷорӣ 30 омӯзгор ба Тоҷикистон барои кори доимӣ омаданд. Бо назардошти ифтитоҳи Маркази мазкур мо нақша дорем, ки ба макотиби шаҳри Хуҷанд низ омӯзгорони забони русии Федератсияи Русияро ҷалб намоем. Шаҳрвандон имкон доранд, ки ба Марказ омада, бо фарҳанг ва илми Русия ба воситаи адабиёт ва дигар воситаҳои иттилоърасон шинос шаванд.
Сипас, Иван Иванов, роҳбари тозатаъини Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Хуҷанд ҳозиринро бо имконот ва шароити Марказ шинос намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд