(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тибқи дастури  Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ,санаи 3  август дар доираи чорабиниҳои   «300 рузи  ободонӣ» ва  ба истиқболи  Иди Рамазон дар тамоми 18 маҳалла ,  8 китъаи маҳалли зист ва 13 қабристонҳои шаҳри Хуҷанд шанбегии оммавӣ гузаронида мешавад.

Пешбинӣ шудааст, ки   сокинон  мавзеҳои ахолинишин,  ҷуйбору кучаҳо ва оромгоҳҳои шаҳрро  аз партов ва алафҳои бегона тоза карда, намуди зоҳирии  махалли зист  ва  биноҳоро  ба тартиб медароранд. Хамзамон дар идомаи корҳои ободонӣ ва бунёдкорие,ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  пеша кардааст, ,дар кучаи Хайрӣ Раҷабова, корҳои мумфаршкунӣ  оғоз  меёбанд.