(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бо дасгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд  100 нафар духтурони баландихтисос  ба маркази вилоят  омада, ҳафт  ҷарроҳии мураккаби  ройгонро барои шахсони камбизоат  гузарониданд.

«Корвони саломатӣ» дар беморхонаи клиникавии шаҳрии № 1 аз соати 8-и субҳ  ба қабули сокинони маркази вилоят  оғоз намуд. Дар ин рӯз тамоми хизматрасониҳои тиббӣ  ба аҳолӣ ройгон буда, ҳадаф аз он тарзи ҳаёти солим ва наздик кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ мешавад.  То имрӯз нисбати 10 нафар шаҳрвандони вилоят ҷарроҳии мураккабро духтурони баландихтисос бо мувафаққият анҷом додаанд. Танҳо дар нимаи аввали руз зиёда аз се ҳазор нафар ба табибони «Корвони саломатӣ»  муроҷиат намуда, кумаки амалии тиббӣ гирифтанд.