(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд озмуни аккосӣ таҳти унвони «Нигоҳи ҷавонон» ҷамбаст мегардад.Ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дигар ҳамкорони лоиҳа супорида хоҳад  шуд.Назар ба иттилои манбаъ ғолибон аз рӯи мавзӯи «Чеҳра» «Фото-позитив» «Акси табиат» «Фото-креатив»  «Акси беҳтарин» муайян хоҳанд шуд.Аъзоёни комиссия 64 аксро барои иштирок ва намоиш интихоб намуданд.3 августи соли ҷорӣ  дар Хонаи маданияти № 2 шаҳри Хуҷанд тантанаи супоридани ҷоизахо ба ғолибони ин озмун баргузор мегардад. Назар ба иттилои бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар озмун 19 нафар ҷавон, 170 акси худро дар мавзуъҳои гуногун пешниҳод намуданд.