(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Диққат: озмун барои журналистон!Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Дафтари матбуоти Раиси шаҳр дар чорчӯбаи Барномаи давлатӣ «Оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» озмуни беҳтарин мақола (рӯзнома, сомона), гузориши телевизионӣ ва ролики иҷтимоӣ дар самти зӯроварӣ ва ё хушунат эълон медорад.
Дар озмун тамоми рӯзноманигорон новобаста аз шакли моликият ва ҷойи кор иштирок карда метавонанд. Факту рақами мавод ҳатман воқеъӣ ва рӯзмарра бошад. Маводи озмун бояд то 1 декабри соли 2017 нашр ва нусхаи он ба комиссияи озмун пешниҳод карда шавад. Озмун аз рӯйи ҳар се номиннатсия, яъне беҳтарин мақола, гузориш ва ролики тарғиботӣ натиҷагирӣ карда мешавад. Ғолибон дар анҷоми маъракаи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат” даҳаи аввали моҳи декабри соли равон ҷамъбаст ва бо мукофоту Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ карда мешаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд