(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқот бо Вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ ва Вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Давлати Кувайт Ҳинд Ас-СабиҳАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ ва Вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Давлати Кувайт Ҳинд Ас-Сабиҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат равобити неки Тоҷикистон ва Кувайтро нишони таваҷҷуҳи хоссаи сарони ду кишвари дӯст арзёбӣ карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар оянда низ дар асоси манфиатҳои дуҷониба рушду тавсеаи бештар меёбанд.

Таъкид гардид, ки барои ба сатҳи баланд расонидани ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувейт дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузории лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, технология, гидроэнергетика, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои ранга, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ имконият ва шароитҳои созгор муҳайё мебошанд.

Табодули мунтазами боздидҳо ва тамосҳои доимӣ дар сатҳи баланду олӣ омили муҳими таҳкимбахши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт арзёбӣ гардид.

Мусоҳибон ҳамчунин доир ба масоили таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақа, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва ба ин васила таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони сайёра табодули афкор намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд