(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Низор МаданиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Низор Маданиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз таҳкиму густариш ёфтани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имконият доранд, ки ҳамкории ҳамаҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, зерсохторҳои нақлиётию энергетикӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва маориф ба роҳ монда, нақши Комиссияи байниҳукуматии муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникиро дар татбиқи ин ҳадафҳо фаъолтар гардонанд.

Ба фаъолияти Маркази Шоҳ Салмон оид ба кӯмакҳои башардӯстона дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд ва таъкид гардид, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи фаъолияти ин марказ дар бахши татбиқи лоиҳаҳои муҳими роҳу нақлиёт, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Тоҷикистон, таҷдиди Маркази таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ боз ҳам тақвият дода мешаванд.

Ҷонибҳо дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба амнияту суботи минтақавию ҷаҳонӣ, хусусан тақвияти ҳамдастӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосирро баррасӣ намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд