(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Мулоқот бо Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад АбулғайтИмрӯз дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайтро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи давлатҳои араб изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид шуд, ки сафари нахустини Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои араб ба Тоҷикистон сароғози сатҳи нави ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи давлатҳои араб мегардад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи таҳкими муколамаи сиёсӣ ва тавсеаи равобит дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, инчунин дигар самтҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд