(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Паёми табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи соҳибкоронИмрӯз мо дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳилаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон қарор дорем.
Дар шароити ҳассоси иқтисодию молиявӣ ва ҷаҳонишавии кишварҳо имрӯз ба мо зарур аст, ки ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва пурзӯр намудани иқтидори содиротии кишвар, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои саноатии мавҷудбуда ва барқарор намудани корхонаҳои қаблан хусусигардонидашуда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо роҳи ворид намудани технологияҳои муосир ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми маҳаллиро тақвият бахшем. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд: «Дар сиёсати иқтисодии давлат мо бояд дастгирии ҳаматарафаи ташаббуси шахсӣ ва соҳибкориро ба назар гирем. Дар кишвар аз лиҳози ҳуқуқӣ бояд чунин фазои озодеро муҳайё созем, ки ҳар як фарди хоҳишманди ташкили фаъолияти соҳибкорӣ чунин имкониятро дошта бошад ва бо дастгириву ҳимояи давлат фаро гирифта шавад. Рушди устувори соҳибкорӣ кафили инкишофи боэътимоди иқтисодиёт ва паст гардидани шиддати таъсири бӯҳрон буда, барои афзун шудани буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард».
Имрӯз соҳибкорон дар ихтиёри худ захираҳои бузурги моддию молиявӣ ва зеҳнӣ доранд. Агар дар солҳои аввали соҳибкорӣ яке аз монеаҳои рушди соҳибкорӣ ин дастрас набудани манбаъҳои молиявӣ бошад, ҳоло ин муаммо ҳалли худро ёфтааст, зеро танҳо дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 36 бонки тиҷоратию давлатӣ бо бахшҳои он ва ташкилотҳои хурди депозитӣ ба мизоҷон хизмат расонида истодаанд.
Қобили зикр аст, ки соҳибкорону саноатчиёни шаҳр дар татбиқи афзалиятҳои муайянкардаи ҳукумат, бахусус, доир ба рушди босуботи иқтисодӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ фаъолона иштирок мекунанд.
Умедворам, ки дар оянда низ бо азму талоши соҳибкорон истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ сол ба сол афзун гардида, боиси боз ҳам ташаккул ёфтани имкониятҳои иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад.
Ҳамаи соҳибкоронро бо иди касбиашон табрик намуда, барояшон сарбаландӣ, хонаободӣ ва дастовардҳои навини меҳнатӣ хоҳонам.
Иди касбӣ муборак бошад, соҳибкорони арҷманд!