(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Аъмоён дар маркази диққати таваҷҷуҳ

Дар маркази иҷтимоию тавонбахшии Иттиҳоди миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бахшида ба Рӯзи аъмоён баргузор гардид.
Сармутахассиси шӯъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд Дилбар Саидова кормандони маркази номбурда ва аъзои Иттиҳоди миллии нобиноёни Тоҷикистонро бо иди касбиашон таҳният гуфта, табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи эшон расонд.
Сипас, Ғайрат Ишонқулов, мудири бахши агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шаҳри Хуҷанд паёми шодбошии Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла зикр шудааст: «Аъмоён дар қатори кулли ҷомеа дар кору гуфтор ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҳастанд. Онҳо, ки мушкилоти зиндагиро бештар эҳсос кардаанд, моҳияти сиёсати пешгирифта, ғамхориҳои пайваста ва саъю талоши давлатро бештар дарк менамоянд».
Ғайрат Ишонқулов таъкид сохт, ки дар шаҳри Хуҷанд дар партави сиёсати Давлату Ҳукумат, хоса раҳнамоии хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳурмату эҳтиёти шахсони маъюб, аъмоён ба ҷо оварда шуда, бо ғамхорию дастгирии ҳаматарафа фаро гирифта мешаванд ва ҳамеша таҳти назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд.
Сипас аз номи Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилоят Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба аъмоён маблағҳои пулӣ дода шуд.
Акрам Салимов, раиси ташкилотии чамъияти Иттифоқи нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд миннатдории самимонаи аъзои Иттифоқро ба Роҳбарияти давлату Ҳукумат, вилоят ва шаҳр иброз намуда, таъкид сохт, ки эшон худро танҳо ва бетаваҷҷуҳ ҳис намекунанд ва имрӯз дар рушду тараққиёти Ватани азизамон аз тамоми имконияту малака ва донишҳояшон истифода хоҳанд намуд.

Барномаи фарҳангии устодони санъат ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки алҳол дар Маркази иҷтимоию тавонбахшии Иттиҳоди миллии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 70 нафар кору фаъолият намуда, дар коргоҳҳои марказ истеҳсоли молу маҳсулоти барои рӯзгор истифодашаванда роҳандозӣ гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд