(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Амири Давлати Қатар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ бинобар сабаби даргузашти бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён намуданд.
Дар идомаи суҳбат сарони ду давлат доир ба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар табодули афкори судманд анҷом доданд.
Суҳбат дар фазои самимият, дӯстонаву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд