(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Қоҳир Расулзода: Роҳҳои мумфаршшударо бояд назорат кардВазъи роҳҳои дохилӣ дар вилоят ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани истифодабарии ин роҳҳо дар маҷлиси кории Раиси вилоят, ки субҳи имрӯз баргузор шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласаи корӣ муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Қайроққум, Бобоҷон Ғафурову Спитамен ва роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳои вилоятӣ иштирок доштанд.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода рафти таъмири ҷорӣ ва асосиро дар роҳҳои дохилии вилоят арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки сатҳу сифат ва суръати корҳо чандон ба мақсад мувофиқ нест.

Раиси вилоят ҳамзамон таваҷҷӯҳи масъулинро ба масъалаи таъмири роҳҳо дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳрҳои Чкалову Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷалб намуд.

Қоҳир Расулзода ҳамчунин идораи сохтмони асосии вилоятро вазифадор кард, ки ба сифати корҳои мумфаршкунии роҳ дар ноҳияи Ашт ва чароғонкунии роҳҳои мумфаршшуда дар ноҳияҳои Ғончӣ, Мастчоҳ ва Ашт тадбирҳои судманд андешида, барои беҳтар намудани истифодабарии роҳҳои мумфаршшуда  назоратро пурзӯр намоянд.

Дар маҷлиси кории Раиси вилоят инчунин масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла таъминот бо оби полезӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд