(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

«Меҳргон»- иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон дар Хуҷанд

Санаи 15 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд  Иди Меҳргон баргузор мегардад. Робита ба ин бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин Иди ниёгон тадбирҳо андешида шавад. Аз ҷумла, дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва намоиш доир ба ба ҷашни Иди Меҳргон, озмунҳои «Оши палав», «Кадбонуи моҳир», намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳру навоҳии вилоят ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд