(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Тарроҳ Дилбар Турсунова соҳиби Шоҳҷоиза гардид!

Тавре иттилоъ дода будем дирӯз дар кохи “Суғдиён” Фестивали «Атласу адраси Хуҷанд- 2017» баргузор гардид, ки дар он маҳсули эҷоди 14 тарроҳони шаҳр бо 150 намуд, аз рӯйи 5 номиннатсия манзури тамошобинон ва ҳайати ҳакамот карда шуд.
Ҳамин тавр, тибқи хулосаи ҳайати доварон таҳти роҳбарии Бахтиёр Қосимов дар номиннатсияи либоси “Миллии қадима” ҷойи аввал насиби №6 Бахранова Машҳура, ҷойи дуюм №10 Муқумова Дилфуза ва ҷойи сеюм №7 Тошхӯҷаева Анӯша, дар наминнатсияи либоси  “Кӯдакона” ҷойи аввал №50 Анварова Мадина, ҷойи дуюм №108 Бобоҷонова Насиба ва ҷойи сеюм №107 Усмонова Муҳиба ба даст оварданд. Дар либосҳои тарҳи “Расмӣ”№73 Муқумова Дилфуза, №114 Турсунова Дилбар ва №29 Бобоҷонова Насиба мутаносибан ҷойҳоро ишғол намуданд. Дар намуди либосҳои “Идона”№42 Олматова Зухра, №43 Анварова Мадина ва №21 Ганҷинаи Шӯҳрат мақомҳои аз 1-3-ро дарёфтанд. Тарҳи пешкашнамудаи тарроҳон аз руйи наминнатсияи “Арӯсию домодӣ” хеле ҷолиби диққат буда, №112 Ҷамшедзода Рухшона, №102 Содиқова Мубина ва №119 Турсунова Дилбар ҷойҳои аввалу дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.
Ва ниҳоят шоҳҷоиза насиби  № 113 тарроҳ Турсунова Дилбар шуд.
Ба ғолибон аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тӯҳфаҳои арзишманд аз қабили чангкашак, қолин, тафдон, телевизор ва ғайраҳо тақдим карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд