(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Фестивали «Атласу адраси Хуҷанд- 2017» баргузор шуд

Дар кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади эҳё, тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ, рӯзғордории халқи тоҷик, рушди соҳаи саноати сабук, тарғиби сарулибос аз матои табиӣ аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, баланд бардоштани мақому завқи либоспӯшии миллӣ, зебоипарастӣ, ғанӣ намудани ҳаёти маънавии занону бонувон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ,  меҳнати хонагии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва занону духтарони фаъоли шаҳр Фестивали «Атласу адраси Хуҷанд- 2017» сурат гирифт. Фестивали «Атласу адраси Хуҷанд- 2017» баргузор шуд

Фестивал аз рӯйи номиннатсияҳои либосҳои “Миллии қадима”, “Кӯдакона”, “Расмӣ”, Идона” ва “Арӯсию домодӣ” баргузор ва ҳайати ҳакамот бо назардошти зебоӣ, дизайни либос, нотакрорӣ, ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш, обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзии дастӣ, қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ, пардоз ва ғайра онро баҳогузорӣ намуданд.
Сипас, аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм аз рӯйи номинннатсияҳои номбурда муайян ва ба эшон тӯҳфаҳо супорида шуд. Шоҳҷоиза насиби иштирокчии рақами 113 шуд.
(Гузориши муфассал нашр мегардад).

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд