(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрики Раиси шаҳр бахшида ба Рӯзи кормандони сӯхторнишонӣМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аҳли ҷомеаи қисмҳои оташнишониро бо иди касбиашон табрику муборакбод намуда, барояшон дар иҷрои вазифаи басо мушкилу масъулиятнок ва дар айни замон рисолати пурифтихор барору комёбиҳо орзу менамоям.

Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 2 қисми оташнишонӣ Қисми мустақили 23-юм ва Қисми тобеи 24-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ фаъолият мебаранд, ки ҳайати шахсӣ 69 нафарро ташкил медиҳад. Дар қисмҳо 10 нақлиёти оташнишонӣ ва нақлиёти норбондор мавҷуд мебошад, ки дар ҳолати омодабош барои хомӯш кардани оташ, наҷот додани одамон, моликияти шахсӣ ва давлатӣ тайёр аст. 4 адади нақлиёт бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастрас гардида, ба ҳисоби қисмҳои оташнишонии шаҳри Хуҷанд супорида шудааст.

Бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маводҳои сӯзишворӣ, моеи кафкдиҳанда, сару либоси низомии ҳайати шахсӣ пурра таъмин карда шудааст. Ҳамчунин, бинои асосӣ, мошинсарой ва ду қисми хадамоти оташнишонии давлатии шаҳри Хуҷанд рӯи таъмирро дидааст.

Дар давоми нимсолаи якуми соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 31 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи зарари расонидаи сӯхтор 249143 сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2012-юм 11 адад кам мебошад. Омӯзиш ва таҳлили сӯхторҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои сар задани сӯхторҳо ин беэҳтиётӣ нисбат ба оташ, нодуруст истифодабарии таҷҳизоти газӣ, таҷҳизоти барқӣ, ноқилҳои барқӣ, оташбозии бачагон мебошад.

Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар иншоотҳои хоҷагии халқ, минтақаҳои аҳолинишин ва хонаҳои шахсӣ, ташкилоту муассисаҳо ва аз ҳама муҳимаш он ҷойҳое, ки кӯдакони мо тарбияву таҳсил менамоянд, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, баҳри иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷидду ҷаҳд менамояд.

Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, таъмини зиндагии осоиштаи мардум маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.

Бо ҳамин умедҳо бори дигар ҳамаи Шумо - кормандони хадамоти давлатии оташнишониро бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулият ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.

 

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                         Раҷаббой Каримов