(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Забони давлатӣ-сарчашмаи ифтихори миллат

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва коллеҷу донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд нишасту конфронс ва мулоқоту чорабиниҳои расмӣ, илмӣ ва тарбиявӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ таҳти унвони «Сарчашмаи ифтихори миллат» бо иштироки устодони донишҷӯёни макотиби олии вилояти Суғд баргузор гардид.
Ҷамшед Ҷӯразода ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронсро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи конфронс ошно намуд. Сипас Тоҷибой Султонӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Паёми табрикотии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст: «Боиси ифтихор аст, ки дар кишвари мо ҳар сол 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ботантана таҷлил карда мешавад. Зеро забон ҳамчун воситаи муътамади омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни миллат дар инъикоси воқеияти ҳаёти ҷомеа нақши муассир дошта, гузаштагони мо барои рушду инкишоф ва ба пояи забони расмию давлатӣ баровардани он кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд. Хеле рамзист, ки имсол ин ҷашн ба таҷлили яке аз санаҳои фархундаи таърихи миллат – 25 – солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад». Фирдавс Маҳмадалиев, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ироа намуд, ки дар он аз ҷумла зикр шудааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист, ки он барои ҳар сокини ин кишвари соҳибтамаддун азизу гиромӣ гаштааст. Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад. Аз ин рў, сиёсати давлат дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигари ҷумҳурӣ равона шудааст.
Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессор мудири кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуҷамол Ҳасанов  оид ба «Ҳифзи симои зебо ва пайкари тавонои забон», дотсент Мӯсо Олимҷонов роҷеъ ба «Устод Айнӣ ва таъриху тақдири забони тоҷикӣ дар оғози асри ХХ ва дотсент Зоҳир Қӯрғонов доир ба «Пешвои миллат ва сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ» маърӯзаҳои илмӣ намуда, таъкид доштанд, ки забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона, вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Мо бояд дар шароити кунунӣ ба рушди забонамон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онро аз таъсири манфии ҳар гуна унсурҳои бегона эмин нигоҳ дорем.
Дар анҷоми конфронс як қатор озмунҳои донишгоҳӣ вобаста ба Рӯзи забони давлатӣ натиҷагирӣ карда шуд ва ғолибон соҳиби мукофотҳо гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд