(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Барқияи тасаллият ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон ТрампИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандонро бар асари амали золимона дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо андӯҳи бузург дарёфтам.
Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоям ва хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».