(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Китобхона - маркази таҷрибандӯзӣБо фармони ректори ДДХ ба номи академик Б.Fафуров, дотсент Fафурҷон Усмонов донишҷӯёни соли якуми факултети забонҳои шарқ чун анъана соли ҷорӣ низ аз санаи 8-ум то 20-уми июл дар шӯъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодири Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Донишҷӯён дар панҷ зергурӯҳ таҳти назорати омӯзгорон Д.Рашидова, Н.Оқилова, А.Fафуров бо роҳбарии устод Р.Асроров аз рӯи нақша нахуст бо шӯъбаҳои китобхона шинос шуда, дар шӯъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир аз маълумоти сардори шӯъба Д.Гадойбоева ва китобдори ботаҷриба М.Ҳамробоева дар бораи таърихи шӯъба ва намунаҳои хат, дастхатҳо ва китобҳои чопи сангӣ баҳравар гардиданд. Сардори шӯъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Зарифова донишҷӯёнро бо таърихи таъсисёбӣ, самтҳои фаъолияти шӯъбаҳои китобхона ошно сохт. Ҳамин тариқ, донишҷӯён шӯъбаҳои хизматрасонии китобхонаро давр зада баромада, дар шӯъбаи феҳристҳо, ки ҳамакнун кормандонаш ба электроникунонии феҳрастҳо машғуланд, тарзи ҷустуҷӯ ва дарёфти осони адабиёти лозимаашонро омӯхтанд.

Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ на ҳамчун макони таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултаи забонҳои шарқ, балки омӯзгорон, китобдорони тамоми навоҳии вилоят ҳам ба ҳисоб меравад.

Аз санаи 29-уми май то 26-уми июн донишҷӯёни соли аввали таҳсили шӯъбаи китобдории Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз М.Собирқулов, Р.Алиматов, М.Пӯлодова, Ф.Бобоҷонова, Р.Мӯъминова аз таҷрибаи китобдорони пешқадам бархурдор гаштанд. Ҳамчунин, Ҳусноро Дӯстмуҳаммадова донишҷӯи соли хониши сеюми факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз 1-уми июл то имрӯз дар китобхона ба таҷрибаомӯзӣ машғул аст.

Аз 1-уми июл сар карда, китобдорони Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ М.Турсунова, М.Осимова, М.Усмонова, дар шӯъбаҳои бачагона, илмӣ-методӣ, пуркунӣ ва коркарди адабиёт ва китобдор М.Расулова дар шӯъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисон ба бозомӯзӣ ва сайқал додани таҷрибаи меҳнатӣ шурӯъ намуданд.