(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Рӯзи ягонаи ахборВохӯриҳои муфид ва саривақтӣ

Рӯзи панҷшанбе, санаи 25-уми июли соли 2013 бо мақсади густариши корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар кумитаи маҳаллаҳо, қитъаҳои истифодабарии манзил ва корхонаю муассисаҳои шаҳри Хуҷанд Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯъҳои «Натиҷаҳои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар шаш моҳи соли 2013» ва тарғиби мӯҳтавои мулоқоти Президенти мамлакат бо аҳли ҷамоатчигӣ ва рӯҳониён баргузор гардид.

Барои ахборотчиён маводи ёрирасон-маълумоти фаврии Раёсати омори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд оид ба «Вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2013» пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, аз ҷониби Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳр маводи ёрирасон оид ба тарғиби мӯҳтавои мулоқоти Президенти мамлакат бо аҳли ҷамоатчигӣ ва рӯҳониён тайёр гардида, ба ахборотчиён дастрас карда шуд.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар назди сокинон-ҷамъомадагони маҳаллаю қитъаҳои истифодабарии манзил баромад карда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи вилоят ва шаҳри Хуҷанд, дастовардҳои заҳматкашони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ибрози назар намуданд.

Оиди масъалаи дуюм, мӯҳтавои мулоқоти Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки санаи 4 июл баргузор гардида буд, оид ба муносибати давлат ва дин, тамоюлҳои номатлуби динию мазҳабӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» Рӯзи ягонаи ахборва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» сухан намуданд.

Сардори Раёсати иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мастура Комилова, инчунин тарғиботчиёни ботаҷриба-устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Алиҷон Одинаев ва нависанда Муқим Воҳидов дар вохӯрие, ки бо бошандагони маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулов баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад ба саволҳои ҳозирин масъулин ҷавобҳои мушаххас доданд.

Умуман баргузор гардидани Рӯзи ягонаи ахбор дар кумитаи маҳаллаҳо, қитъаҳои истифодабарии манзил ва корхонаю муассисаҳо дар рӯҳияи баланди ғоявию сиёсӣ ва бо умеди қавӣ ба ояндаи дурахшони Ватани азизамон ҷараён гирифт.