(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altУстодону омӯзгорони арҷманд!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи омӯзгорон самимона табрик намуда, ба Шумоён дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳо таманно менамоям.
Давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Чуноне ки Пешвои миллат таъкид менамоянд: «…Ҳама гуна рушду пешравӣ танҳо дар фазои орому осуда ва сулҳу субот ба даст меояд. Хушбахтона, бо майлу ирода ва саъю кӯшиши халқи азизамон, мо ба ин неъмати бебаҳо насиб гардидаем ва имрӯз шукр мекунем, ки мардуми шарафмандамон ваҳдату ягонагиро омили муҳимтарини суботу пешрафти кишвар шуморида, барои ҳимояву бақои давлатдории миллии худ ва тақвияти иқтидори он содиқона заҳмат мекашанд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус устодону омӯзгоронро зарур аст, ки қадру қимат ва аҳамияти истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин муқаддасоти Ватанро ба шогирдони худ дуруст шарҳ диҳанд, онҳоро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз Ватан ва давлати худ тарбия намоянд».
Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ баҳри дастгирӣ ва қадршиносии устодоне, ки шогирдонашон дар озмунҳои байналмиллалӣ ҷойҳои сазоворро ишғол менамоянд, ҷоизаҳои шоистаро таъсис додаанд. Ин ҳама далел бар он аст, ки ҷойи омӯзгор, мартабаи устод миёни ҷомеа дар ҷойи аввал меистад.
Аз ҳамин нигоҳ,  шахсияти омӯзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозӯъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ӯст. Ранҷу машаққат ва заҳмату шабзиндадориҳое, ки омӯзгор барои тарбияи насли шоиста мекашад, сарчашмаи файзбахши зиндагист, ки қалби шогирдонро ҳар лаҳза шодоб месозад.
Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси пешбурди ҷомеа аст. Омӯзгор дар замири шогирдон тухми некиву накӯкорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохт ва дӯст доштани Ватан, Модар, Миллатро бедор менамояд.
Омӯзгорони арҷманд!
Сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии кишвар ва шаҳри Хуҷанд шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд чилуҳафт мактаби гуногунравия фаъолият мебарад, ки дар он  2308 омӯзгор ба 38560 шогирд дарс мегӯяд ва дар тарбияи маънавии онон талош меварзад.
Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор меравад, бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба Шумо, омӯзгорон пирӯзиву комёбиҳо орзу дорам.
Умедворам, ки омӯзгорону устодони муҳтарам рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпараст саҳми муносиб мегузоред.
Шумо, устодону омӯзгорони азизро бори дигар бо Рӯзи омӯзгорон табрик гуфта, тансиҳатӣ, руҳи қавию азми матин ва ба шогирдонатон фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва комёбиҳои беназирро  таманно менамоям.
Идатон муборак, омӯзгорони азиз!