(0 овоз, миёна 0 аз 5)

МулоқотҲифзи арзишҳои миллӣ

Дар Маркази фарҳанги шаҳр мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, қитъаҳои истифодабарии манзил, ходимони дин, маориф ва Шӯрои занҳои маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид.

Ҳадаф аз он тарғиби мӯҳтавои суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар буд, ки 4-уми июли соли равон баргузор гардида буд.

Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов баргузории мулоқоти Ҷаноби Олӣ, Сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат тақозои давру замон номид.

Назди ҳозирин мудири бахши кор бо дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Мӯъминҷон Орифов баромад карда, таассуроти хешро аз ин мулоқот, ки худ бевосита шоҳид ва иштирокчии он буд, баён намуд.

МулоқотПрокурори шаҳр Қурбоналӣ Мирзоев ва сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр, полковник Шӯҳрат Ахмедов оид ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ ва ҷиноятсодиркунии шаҳрвандон дар нимсолаи аввали соли 2013-ум маълумот дода, ҷамъомадагонро ба ҳушёриву зиракӣ даъват кард.

Ҳамин тавр, Раиси Шӯрои уламои дини вилоят, сархатиби масҷиди ҷомеи «Шайх Маслиҳатдин» Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси маҳаллаи ба номи Содирхон Ҳофиз Абдураззоқ Яҳёев, сархатиби масҷиди ҷомеи «Нури Ислом» Ҳоҷӣ Ибодулло Калонзода ва дигарон фикру андешаи хешро доир ба масъалаи матраҳгардида изҳор намуданд.

Чун аксари мардуми кишварамон мусалмон ҳастанд, ҷойи ифтихор ва хушнудист, ки арҷгузории воқеӣ ба арзишҳои миллӣ ва динӣ, хусусан арзишҳои дини мубини Ислом ва эҳёи суннатҳои беҳтарини таърихиву фарҳангӣ ба мо маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид, зикр карданд нотиқон.
Яъне, истиқлолияти давлатӣ барои дарк ва решадор гардидани худшиносии милливу динӣ ва озодиву ифтихори миллӣ шароит ба вуҷуд овард. Ва дар навбати худ эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамчун омили муҳимтарини маънавӣ ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ мусоидат намуд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва ойину суннатҳои миллии худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад.
МулоқотҲамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил гардидани идҳои Рамазон ва Қурбон, пойтахти фарҳанги исломӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва як силсила тадбирҳои дигар дар сатҳи давлатӣ, далели равшани гиромидошти фарҳанги диниву мазҳабиамон мебошад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов мулоқотро хотима бахшида, ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати исломии шаҳрвандон, роҳ надодан ба ҳаргуна фитнаву дасисабозиҳо ва эътибори бештар ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои мушаххас гузошт.