(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни муассисаи нави таълимӣ

Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои қабули хонандагон ба Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат ва кор дар ин муассисаи таълимӣ омӯзгоронро барои иштирок дар озмун даъват менамояд.
Тавре, ки ба мо мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонӣ иттилоъ дод, ба ин муассаи таълимӣ хонандагонро тариқи озмун ба синфҳои 1-9 қабул карда мешавад ва озмун барои синфҳои 1 шифоҳӣ, ба дигар синфҳо тариқи хаттӣ гузаронида шуда, ба муҳассилине, ки дар олимпиадаҳои шаҳрию вилоятӣ сазовори ҷойи аввал гаштаанд, имтиёз дода мешавад. Довталабоне, ки ба сифати омӯзгор дар ин муассисаи таълимӣ фаъолият намуданиянд, бояд на кам аз 3 сол фаъолияти омӯзгорӣ дошта бошанд, яке аз забонҳои хориҷиро донанд, бо тахтаи электронӣ, интернет ва компутер кор карда тавонанд. Ин манбаъ афзуд, ки довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои хешро ба нишонии маҳаллаи «Темурмалик» то санаи 20-уми  сентябри соли равон ба Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат пешниҳод намоянд. Озмун санаи 22 сентябри соли 2017 дар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад гашт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд