(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

СипосномаБа унвони Раиси шаҳри Хуҷанд,

мӯҳтарам Каримов Р.А.

 

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони азизи мо ба комёбиҳои азиме ноил гардидааст ва дар ҷаҳони муосир мақоми худро пайдо кардааст. Аминяту оромӣ, ки самараи сулҳу ризоияти миллӣ мебошад, маҳз бо саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва мо-модаронро водор месозад, ки шукргузор аз оромиву осудагии кишвари худ бошем. Боиси хушнудист, ки беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллат, сулҳу оромӣ, ҳаёти осоишта, зиндагии озоду ором насибамон гардидааст.

Бо дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иқдоми Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва шахсан Шумо, соли дуюм аст, ки мо-модарон имкон пайдо кардем, ки барои дидорбинии фарзандони худ мушарраф шавем.

Соли равон аз санаи 9 то 13 июли соли 2013 ба қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон сафар намуда, ба қисмҳои ҳарбии №06870, №051052, №2620, №051054, №17651 воқеъ дар шаҳри Душанбе, №07033 ноҳияи Ҳисор, №02847 ноҳияи Кофарниҳон, №02214 ва №2720 ноҳияҳои Шаҳритуз ва Қумсангири вилояти Хатлон ташриф овардем. Дар вақти сафар ва дидорбинии фарзандонамон, моро намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитан Ф.Холматов, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд М.Бобоҷонова, комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд, полковник Р.Файзиев, гурӯҳи ҳунармандон бо роҳбарии директори Хонаи маданияти №1 А.Аҳроров ҳамроҳӣ карданд.

Дар қисмҳои ҳарбие, ки мо будем, бо шароити зисту зиндагонии фарзандонамон: ошхона, ҷои хоб, синфхонаҳои таълимӣ, хонаи дамгирӣ, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом, толори маҷлисгоҳ, майдончаҳои варзишӣ шинос шудем. Аз сӯҳбати сарбозон аён гашт, ки онҳо аз рафти хизмат қаноатманданд ва аз табъи хуши фарзандон мо низ хеле хушҳолу хотирҷамъ гардидем. Барои чунин таҷҳизоти созгори замонавӣ ва ғамхории хоса нисбат ба сарбозон, мо ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро баён менамоем.

Мо-модарони хушиқбол аз ин лаҳзаҳои дидор хушбахт буда, бо меҳри беандоза ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва шахсан ба Шумо Раиси мӯҳтарам Раҷаббой Каримов арзи сипоси пурмеҳру самимии худро изҳор менамоем. Мо дар симои Шумо беҳтарин заминагузори сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Сарвари давлатро мебинем ва бовар дорем, ки бо иқдомҳои ободгаронаву хайрхоҳонаи Шумо шаҳри Хуҷанд ба гулшани Ирам ва мардумони он ба хушиқболони даврон мубаддал хоҳанд шуд. Бигзор комёбиву бахтоварӣ нишони фаъолияти пурсамари Шумо бошад.

Аз Шумо сипосманданд:

Назирахон Умарова, Мавҷуда Раҳимова,

Муҳайё Раҷабова, Мавлуда Абдуллоева,

Сабоат Аҳмадова, Майрамхон Файзиева,

Мӯниса Ҳафизова, Муҳаррамахон Абдурасулова,

Дилбар Нуриддинова, Мавлуда Аҳмадова,

Дилбар Файзиева, Гулбаҳор Саидова,

Абдусамад Абдуллоев, Рафоат Аминова