(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи донишро кормандони мақомоти маҳаллӣ бо руҳбаландӣ пазируфтандИмрӯз дар тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри Хуҷанд, ҷомеаҳои меҳнатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногун, омӯзгорону муҳассилини таълимгоҳхои маркази вилоят, зиёиён, тамошои якҷояи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ сурат гирифт.
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ бо ширкати муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шӯъба, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дигар кормандони мақомот суханронии навбатии Пешвои миллатро тамошо намуданд.