(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таассуроти иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ аз шаҳри ХуҷандШаҳри соҳили Сир шинохтанашаванда шудааст.
Нуриддини Зумрадшо, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Ванҷ:
- Ман дар шаҳри Хуҷанд аллакай бори чандум аст, ки меҳмонам, вале бовар кунед, дар  бадали он панҷ соле, ки ман бори охир будам, он ба дараҷаи шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Ана, ҳамин Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд, муҷассама шоҳ Исмоили Сомонӣ бо силсилафаввораҳояш, Кохи фарҳанги «Суғдиён», Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» ва бисёр иншооти дигар, ки дар ин ҷо қомат афрохтаанд, дар ҳақиқат диққати меҳмонони ин шаҳри куҳанбунёду ҳамешаҷавонро ба худ мекашанд. Панҷ сол пеш ҳамаи инҳо набуданд, агар бошанд ҳам, намудашон тамоман дигар хел буд. Аммо ҳозир бо тамоми шаҳоматашон тасхиркунандаи ақлҳову қалбҳоянд. Гуфтан мумкин Хуҷанд 70-80 фоиз симои худро ба таври олӣ дигаргун кардааст, вале меҳмоннавозию маданияти баланди меҳмондории сокинони шаҳр ҳамоно боқӣ мондааст. Мардум ба таври пешин аз омадани меҳмон хушнуд мегардад, ба сари хонаш беҳтарин анворо мегузорад ва аз таҳти дил меҳмондорӣ мекунад. Ин аст маданияти баланди мардуми тоҷик, хосатан сокинони Хуҷанди бостон, ки солиёну асрҳо вирди забонанд. Зинда бошед, мардуми беҳтарини Тоҷикистон!
- Маъбадшо Гулбеков, корманди сехи оби шифои «Нарзан»-и ноҳияи Роштқалъа:
- Мо имрӯз ба шаҳри Хуҷанд бо маҳсулоти истеҳсолкардаи сехи хусусии худ, ки бо коркарди оби минералии «Нарзан» машғул аст, ташриф овардем. Дар сехи мо ҳашт нафар кор мекунад. Маҳсулоти мо барои рафъи бемориҳои камхунӣ, меъдаю рӯда, узвҳои ҳаракат, бемориҳои пӯст, амрози занонаю мардона назардошт шуда, хусусияти иштиҳооварӣ низ дорад. Мо дар рафти сафар аз бисёр корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дидан кардем. Диққати маро осорхонаи «Тибби тоҷик», ки дар осоишгоҳи Зумради шаҳри Исфара воқест, ба худ кашид. Ва боз тарзи хушк кардани зардолуву тут низ ба ман шавқовар намуд. Он ободию тозагӣ ва муҳити орому осудае, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳаст, беҳтарин дастоварди шумо – сокинони ин шаҳри зебову дилкаш ва бостонӣ мебошад.
Умеда Қамбарова, ҳунарманд аз ноҳияи Рӯшон:
- Бори аввал аст, ки ба шаҳри Хуҷанд омадам. Дили ман пур аз фараҳ аст, лабрез аз хурсандист. Ман дер боз орзу мекардам, ки ба ин шаҳри соҳили Сир оям ва имрӯз орзуям амалӣ гардид. Хурсандиовараш он аст, ки мо ба ин ҷо бо дастони холӣ наомада, маҳсулоти омодакардаи хешро барои сокинони Хуҷандшаҳр армуғон овардем. Ман беш аз 20 сол мешавад, ки бо ҳунари кешбофӣ машғул ҳастам ва аз ресмон сумкаву   ҷӯроб, ҳар гуна маҳсулоти барои ошхона лозима мебофам. Ва ин ҳама маҳсули дастони худро ба намоишгоҳ овардам. Мардуми баландмаърифату ҳунардӯсти Хуҷандшаҳр меҳнати маро қадр карда, барои худу наздиконашон армуғон хариданд. Ман аз ин соҳибмаърифатӣ, меҳмоннавозӣ, бомаданиятӣ ва тозакории бошандагони шаҳри Хуҷанд хеле хурсандам. Бошад, ки ин гуна ташрифовариҳо ба ҳукми анъана даромада, мову шумо – сокинони ду минтақаи аз ҳам дур ба дил наздик шавем.

Мавзуна ВАҲҲОБОВА,
“Тирози ҷаҳон”