(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ташрифи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба вилояти СуғдСанаи 23 авугусти соли 2017 дар доираи баргузории чорабинии бошукуҳ - Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд, ки аз 21-уми август идома дорад, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ба вилояти Суғд ташриф овард.
Ҳайати меҳмонони ВМКБ-ро ҳамчунин Олуфта Бодурӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҳамроҳӣ намуд. Роҳбарияти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.
Ҳайати меҳмонон сараввал собиқадор, ходими сиёсӣ Оқил Оқиловро аёдат намуданд. Оқил Оқилов солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла то замони ба нафақа баромадан дар вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Зимни аёдат Раиси ВМКБ аз роҳи тайкардаи Оқил Оқилов ёдоварӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки номбурда солҳои зиёд дар мақоми сарвазири кишвар  дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми донишу малакаи хешро барои пешрафти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва гулгулшукуфии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона намудааст. Чун нишони эҳтироми мардуми Бадахшон, Шодихон Ҷамшед ба Оқил Оқилов туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Ҳайати меҳмонон ҳамчунин ба дидори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона рафтанд. Дар баробари зикри хизматҳои бузурги номбурда дар ҷодаи рушди шеъру адабиёт, ҳамзамон гуфта шуд, ки Фарзона аз ҷумлаи шоирони муосири соҳибдевон аст, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар хориҷа низ шуҳрати афзун дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд