(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Оғози ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти СуғдТавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 21 то 26-уми августи соли 2017 дар вилояти Суғд ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор мешавад.
Нимаи якуми рӯзи душанбеи 21 август меҳмонон-иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба вилоят ташриф оварданд. Меҳмонони ВМКБ-ро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва сокинони ноҳияи Айнӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ сараввал дар зери муҷассамаи шоири маъруфи тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулу гулдастаҳо гузошта, мақбараи шоирро зиёрат намуданд.
Сипас барои меҳмонон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Хуш омадед, меҳмонони Бадахшон” манзур карда шуд. Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода кулли иштирокчиёни ҳафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғдро ба вилоят хайрамақдам гуфт. Дар навбати худ, муовини якуми Раиси ВМКБ Нуралӣ Риоев дар аснои суханронии худ аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки ҳамин ҳоло дар Қасри фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ ҷараён дорад.
Пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣ беш аз 800 нафар меҳмонони ВМКБ дар ҳайати чор гурӯҳ аз ноҳияи Айнӣ ба шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф меоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд