(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Баргузории Рӯзи кормандони тиб дар шаҳрИмрӯз ба муносибати Рӯзи кормандони тиб дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бо иштироки Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ва собиқадорону кормандони соҳаи тиб дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Сараввал Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода сухан ронда, оиди пешрафти соҳаи тандурустӣ дар шаҳр ва саҳми табибон дар беҳдошти ҳифзи сиҳатии омма сухан карданд. Баъдан сардори Раёсати тандурустии вилоят Мақсудзода Фаррух низ маърӯза намуда, кормандони соҳаро бо ин рӯзи таърихӣ таҳният намуд. Ҳамчунин мувини Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно табрикоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ба ҳозирин расонида, аз комёбию дастовардҳои назарраси соҳа ҳарф зад. Қайд карда шуд, ки нишони эътибори аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рӯз баҳри ҳифзи саломатии мардум заҳмат мекашанд. Кормандони соҳаи тандурустӣ бо рӯҳбаландии хоса аз сиёсати пешигирфтаи ҳукумати мамлакат баҳри нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ садоқатмандона хизмат мекунанд. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар, ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иншоотҳои нави тиббӣ бунёд гардида, муассисаҳои тиббӣ бо навтарин таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гашта истодааст.
-Аз ин хотир тазаккур бояд дод, ки давлату ҳукумат ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини шароити моддиву маънавии коркунони тиб назари неку ояндабинона дорад ва ба рушди соҳа пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд, - гуфт зимни суханрониаш.
Дар вазъияти тантанавӣ Раиси шаҳр ба як қатор фаъолони кормандони тиб ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.