(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро бо иди касбиашон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрик намуда, барояшон саодатмандӣ, бурдбориро орзумандам.
Мардум дар бораи корнамоиҳои зумраи наҷотбахшон чӣ дар ҳолатҳои мудофиаи гражданӣ ва чӣ дар пешгириву рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда хуб огаҳанду ба онон аҳсант мехонанд. Зеро ки маҳз кормандони ин соҳа ҳамеша дар ҳама гуна ҳолатҳои номатлуби табиӣ аввалин шуда ба кӯмак меоянду зарардидагонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Ин рӯзҳо чанде аз хизматчиён баҳри иҷрои вазифаҳои хеш ҷони худро барои ҳифзи Ватан фидо намудаанд ва  дар иҷрои вазифаи ҷонӣ ҳар соату дақиқа омода мебошанд. Ситоди мазкур ва сохторҳои таркибии он баҳри бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва садамаҳое, ки дар миқёси шаҳр рух медиҳанд, пайваста ҷидду ҷаҳд менамоянд. Ин абармардони шуҷоъ ба вазъиятҳои гуногун нигоҳ накарда, ҷон дар каф ҳаёти мардумро ҳифз менамоянд.
Тамоми кормандони ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, барояшон ҳамеша тани баофият хоҳонем.
Иди касбиатон муборак абармардони қавиирода!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                               Маъруф Муҳаммадзода