(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боздид аз қисмҳои ҳарбӣВолидони сарбозон: аз шароити хидмати фарзандон ризоем

Дар асоси дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соли дуюм аст, ки сафар ва дидорбинии волидони сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба қисмҳои низомии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон ташкил ва ба роҳ мемонад.

Бо ҳадафи дар амал татбиқ намудани иқдомоти наҷиб ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода субҳи рӯзи сешанбе, 9-уми июли соли равон гурӯҳи калон иборат аз 15 нафар волидон ва ҳам намояндагони аҳли фарҳанг ба қисмҳои ҳарбӣ равон гардиданд.

Ҳайат, ки ба он муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Бобоҷонова ва комиссари ҳарбии шаҳр, полковник Рафиқ Файзиев роҳбарӣ намуданд, баробари ба пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо воситаи нақлиёт расидан, нахуст ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, бо сардори Раёсати кор бо ҳайати шахсӣ, генерал-майор Сайдамир Розиқов мулоқот намуд. Мавсуф аз иқдоми неки Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд, ки соли дуввум идома дорад, изҳори сипос намуд. Сипас намояндаи вазорат капитан Фаррух Холматовро ба гурӯҳ чун роҳбалад ба қисмҳои низомӣ вобаста намуд.

Худи ҳамон рӯз дар қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи Боздид аз қисмҳои ҳарбӣволидон бо сарбозон сурат гирифт. Онҳоро командири қисми низомӣ, полковник Зафар Самадов ва муовинаш Нусратулло Тошев истиқбол намуданд. Мусаллам гашт, ки 60 фоизи сарбозони қисм фиристодагони вилояти Суғд мебошанд. Ин лаҳзаи хеле ҳаяҷонбахшу муассир-дидорбинии модару писар доир гардид. Модар Дилбар Нуриддинова бо писараш Анварҷон Нуриддинов, ки сокини кӯчаи Самарқанди шаҳри Хуҷанд мебошанд, 4 моҳ инҷониб хидмати Модар-Ватан дорад. Ҳамчунин, дар ин қисм сарбозон аз шаҳри Хуҷанд Азизхон Отаев аз кӯчаи Ленин 212-52, Зоҳир Бегматов аз маҳаллаи Чашмаи арзана ва дигарон хидмати ҳарбиро адо мекунанд.

Худи ҳамон рӯз (санаи 9-уми июл) дар қисми ҳарбии 08010-и Қӯшунҳои хушкигарди ВМ ҶТ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, гурӯҳи волидонро командири қисми низомӣ, подполковник Мурод Ҳамроев, муовини командир, майор Мӯъминбой Усмонбадалов пешвоз гирифтанд. Қобили қайд аст, ки  қисми ҳарбӣ чун маркази таълимӣ оид ба тайёр кардани мутахассисони мошинҳои зиреҳпӯши БМП ва БТР, танкҳои Т-72, взводҳои зенитчӣ, алоқачӣ ва ошпазҳоро омода менамояд. Дар ин қисми ҳарбӣ низ беш аз 60 фоизи сарбозон аз вилояти Суғд буда, бахусус, аз шаҳри Хуҷанд беш аз даҳ нафар чун Ҷалолхӯҷа Мавлонов аз кӯчаи Ҷӯра Зокир №306, Назир Шукуров аз кӯчаи Дмитров 7, Наим Бобоев Наим аз кӯчаи А.Шамсиев ва серҷант Олим Рофиев хидмати Ватанро ба иҷро мерасонанд.

Субҳи рӯзи дигар, санаи 10-уми июли соли 2013 ҳайат бо сарбозони қисмҳои ҳарбии 02011-Д, 02011-Г-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Рашт ва ҷамоати Боқӣ Раҳимзодаи деҳаи Боғистони дараи хушманзараи Камароб вохӯрд. Ҳангоми мулоқот фармондеҳи қӯшунҳои зудамал, генерал-майор Латиф Файзиев барои чунин иқдоми нек мамнунияти хешро баён карда, қайд намуд, ки аз ҷониби давлату ҳукумат барои дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, имрӯз сарбозони тоҷик барои хидмати суботкорона ва истироҳати хуш тамоми шароитро доранд. Дар ин қисми низомии 02011-Д фиристодагони вилояти Суғд, бахусус Фирдавс Охунов аз микроноҳияи 34-уми шаҳри Хуҷанд хидмати хешро сарбаландона адо менамояд.

Дар қисми низомии 02011-Г бошад, гурӯҳро командири қисм, майор Нозим Ҳабибов ва сардори ситод, майор Парвиз Холмуродов истиқбол гирифта, барояшон ҷойи хоб, ошхона, ҳаммом, утоқӣ маишӣ, ҷойи нигаҳдории сару либосро нишон доданд, ки хеле хуб ва замонавӣ мебошанд.

Дар ин қисм сарбоз Шерзод Сатторов хизмат мекунад, ки бо вуҷуди дар оила яккаписар будан бо хоҳишу ихтиёри худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд, микроноҳияи 19, бинои 1 сафарбар шудааст. Ӯ хеле хушнуду ризоманд мебошад, ки аз ин мактаби мардонагӣ сарбаландона гузашта истодааст.

Рӯзи сеюми сафар, санаи 11-уми июл, гурӯҳ бо сарбозони қисмҳои ҳарбии 051054-и Гвардияи миллии таъиноти махсус, воқеъ дар ноҳияи Қумсангир, қисми ҳарбии 2720-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва қисми ҳарбии 02214-и Қӯшунҳои хушкигарди ВМ ҶТ, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритуз вохӯрданд.

Дар қисми низомии 051054 дидорбинии падари сарбози қаторӣ Абдусамад Абдуллоев бо писари ҷавонмардаш Абдуаҳад Абдуллоев аз кӯчаи Гогол, 108-уми шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст.

Дар қисми низомии 2720 бошад, фиристодаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи ба номи Давронбек Аҳмадбеков Файзулло Файзиев сарбаландона хидмати ҳарбиро ба иҷро мерасонад.

Боздид аз қисмҳои ҳарбӣСерҷанти хурд Манучеҳри Анварзод, ки дар қисми низомии 02214 чун сарбози намунавӣ ном баровардааст, бом одари меҳрубонаш Мӯниса вохӯрда, аз шароити хуби хидматӣ, бахусус, ҷойи хоб, хурду хӯрок, таъмин бо сару либоси наву замонавии аскарӣ сухан кард.

Дар ҳар вохӯриву мулоқот командирону афсарони қисмҳои низомӣ аз хидмати сарбозоне, ки аз вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд мебошанд, қаноатмандӣ ва ризомандии хешро баён намуданд. Бахусус, аз хидмати софдилонаву сарбаландонаи серҷант Рустамҷон Собитов (ошпаз), Фатҳулло Хоҷамуродов (нонпаз), Талабшо Ҷабборов (сарбози қаторӣ) шоду мамнун мебошанд.

Санаи 12-уми июл гурӯҳ бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии 2847-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, воқеъ дар ноҳияи Кофарниҳон ва қисмҳои ҳарбии посбонҳои фахрии шаҳри Душанбе мулоқот кард.

Ҳангоми вохӯриҳо падару модарон Абдуллоевҳо бо писарашон Абдуаҳад Абдуллоев, модар Б.Раҳимова бо писараш Содиқҷон Раҳимов, модар Файзиева бо сарбози қаторӣ Файзулло Файзиев, модар М.Аҳмадова бо писараш Дилшод Аҳмадов мулоқотҳои самимона доир намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ 60 фоизи ҷавонон аз вилояти Суғд буда, бахусус, аз шаҳри Хуҷанд нафарони зиёди сарбозон чун  Махкам Ғаниев аз маҳаллаи 12-ум, Рустам Собитов аз маҳаллаи 32 ва даҳҳои дигар хидмати Ватанро адо менамоянд.

Дар ҳар вохӯрӣ роҳбари гурӯҳ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Бобоҷонова баромад намуда, қайд кард, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хидмати сарбозон тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд, то ки онҳо софдилонаю содиқона хидмати ҳарбиро ба ҷо оваранд.

Ҳамзамон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, хосса Раиси вилоят, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода барои гузаронидани дидорбинии сарбозон бо пайвандони худ тамоми шароитро муҳайё гардонидаанд. Дар ҳар вохӯрӣ командирҳои қисмҳои ҳарбӣ баромад карда, қайд намуданд, ки ҷавонони аз вилояти Суғд ба хидмат омада, ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати назариявӣ тайёрии комил дидаанд. Волидайн бо сипосу шукргузорӣ аз дастуру супориш ва ташаббуси неки Сардори давлату Ҳукумати кишвар ва Раисони вилояту шаҳр зикр карданд, ки онҳо нисбат ба амнияти фарзандони худ осудаанд. Саъю кӯшиш менамоянд, ки ҷавонони дигар низ ихтиёрона барои адо намудани хидмати Модар–Ватан сафарбар гарданд.

Воқеан, сафари волидон ҷиҳати дидорбинии фарзандон-сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва вохӯриву аз наздик ва бо чашми хеш дидани ҷойи хидмати онҳо бори дигар нишон дод, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хушбахтии халқ ва камолоти ҷисмонию зеҳнии ҷавонон равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳар вохӯриву мулоқот аз ҷониби ҳайат ба китобхонаҳои қисмҳои ҳарбӣ адабиёти тозанашр тӯҳфа гардида, барои афсарону сарбозон бо роҳбарии сарвари Хонаи маданияти №1-уми шаҳри Хуҷанд, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимҷон Аҳроров барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони гурӯҳи эстрадии «Ҳилол» намоиш дода шуд.

Ҳамин тавр, зимни боздид маълум гардид, ки дар қисмҳои ҳарбӣ тамоми шароити хизмат куллан рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, назар ба даҳ соли пешин дар масъалаи сару либос, ҷойи хоб, хурду хӯрок ва истироҳат пешравӣ баръало эҳсос мегардад, яъне, ҳоло ягон камбудие вуҷуд надорад.

Боздид аз қисмҳои ҳарбӣҲатто, барои таъминот бо меваю сабзавоти тару тоза хоҷагиҳои назди қисми ҳарбӣ ва фермаҳои чорводорӣ амал мекунанд.

Бо таассуроти амиқ ва табъи болида бегоҳии санаи 13-уми июл гурӯҳи падару модарон ва намояндагони аҳли фарҳанг ба шаҳри Хуҷанд баргаштанд.

Дар фарҷом аз номи гурӯҳи волидон, ки ба дидорбинии фарзандонашон–сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардиданд, ба Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ҷиҳати ташкил ва дастгирии ҳамаҷонибаи сафар, миннатдорӣ баён менамоем.

 

Хуҷанд-Душанбе-Хатлон-Рашт-Хуҷанд