(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Варзиш: Ҷоми «Тӯби чармин-2013»Бо иқдоми Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шӯъбаи маорифи шаҳр дар майдони Мактаби варзишии бачагону наврасони рақами 1-ум мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти Ҷоми «Тӯби чармин-2013» доир гардид. Дар он бозингарони солҳои таваллудашон 1996-2001 иштирок намуданд.

Бо ҳадафи ба даст овардани Ҷом 11 даста байни ҳам қувваозмоӣ карда, маҳорати хуб нишон доданд. Мусобиқа дар чанд давр гузаронида шуда, ба бозии нимниҳоӣ дастаҳои «Ли-нинг» ва «Шарора» роҳхат гирифтанд.

Бозии нимниҳоӣ басо тезетунд ва бо ҳуҷумҳои пайдарпаи футболбозони дастаҳо сурат гирифт. Омодагии ҷиддии дастаи «Ли-нинг» буд, ки дар натиҷа бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овард.

Дар бозии ниҳоӣ бошад, бо дастаи «Зутур» қуввасанҷи намуд, вале бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид.

Ҳамзамон, дар МВБН №1 чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба футбол давом дорад, ки оид ба натиҷаҳои бозиҳои он дар шумораи навбатӣ хабар хоҳем дод.