(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сокинони маҳаллаи «Мевағул» соҳиби майдончаҳои варзишӣ гаштандБахшида ба 20 –умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар микроноҳияи 18-уми маҳаллаи «Мевағул» маҷмаи майдончаҳои варзишӣ барои сокинони биноҳои баландошёна ба истифода дода шуд. Ба ин муносибат бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Файзуллозода Заробиддин Қудрат ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф  Муҳаммадзода расми кушоди майдончаҳои варзишӣ баргузор гардид. Баъди буридани лентаи рамзии иншооти нав муовини Раиси вилояти Суғд Файзуллозода Заробиддин Қудрат сокинони маҳаллаи мазкурро бо Иди Ваҳдати миллӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани маҷмаи майдончаҳои варзишӣ табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд,ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чунин  иқдомҳои неку муҳимро минбаъд низ идорма хоҳад дод. Зимни баромад Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода  таъкид намуд, ки дар пайравии ташаббус ва амалишавии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба корҳои ободкорию созандагӣ, ки баҳри ободию зебогии диёри азизамон равона шудааст, минбаъд низ эътибори хоса дода мешавад.
Маҷмаи майдончаҳои варзишӣ иборат аз 5 майдонча,- майдончаи варзишӣ барои  бозиҳои валейбол, футболи хурд, баскетбол, иҷрои машқҳои гуногуни ҷисмонӣ,  майдончаҳои бозӣ  барои  кӯдакон ва наврасон буда, барои  баргузории чорабиниҳои мухталифи варзишӣ ва фарогирии ҳар чӣ бештари сокинони биноҳои баландошёнаи ин мавзеъ ба варзиш пешинӣ  гаштааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва бунёди ин майдончаҳо аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Хуҷанд бештар 180 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонда шудааст.
Лозим ба ёдоварист ин шашумин майдончаи варзишӣ аст, ки дар соли равон ба истифода дода шуда, умуман дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд то имрӯз 260 иншооти варзишӣ амал мекунад.